Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи бистуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Чанде пеш ҷаласаи бистуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт — Петербург  баргузор гардид. Мавзӯи асосии рӯзномаи ҷаласа баррасии усулҳои ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳои ҷавонони кишварҳои ИДМ буд.
Намояндагони ҳар як ҳайати парлумонии ҷавонони давлатҳои Иттиҳод, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, оид ба мавзӯи асосии ҷаласа маърӯзаҳо карданд.
Ҷаласаро ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, узви Кумитаи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ Лилит Минасян ифтитоҳ ва  рӯзномаи ҷаласаро эълон карда, иштирокчиёнро муаррифӣ намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Давлатзода дар назди иштирокдорони вохӯрӣ оид ба тарғиби забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Номбурдагон иброз доштанд, ки ҳар сол барои муаллимони забони русии ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронда мешаванд. Дар донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар марказҳои русии хазинаи  «Русский мир» бомуваффақият амал мекунанд. Нақш ва аҳамияти   забони русӣ дар риштаи маорифи кишвар ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
«Имрӯз дар кишвар 69 мактаб бо забони русӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ҳудуди 47 ҳазор хонанда таҳсил менамояд.  Ҳамчунин беш аз 259 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ мавҷуд аст, ки дар он ҳудуди 70 000 хонанда таҳсил мекунанд. Дар ҳамин ҳол, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таълимӣ бо забони русӣ фаъолият мекунанд», — иброз доштанд  намояндагони Тоҷикистон.
Ҳамчунин, дар солҳои 2021 ва сентябри соли 2022 50 омӯзгори забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ фиристода шуданд. Дар соли 2022 дар панҷ шаҳри сераҳолии Тоҷикистон панҷ мактаби нав сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо комилан ба забони русӣ сурат мегирад.
Дар кори ҷаласаи бистуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд. Пас аз анҷоми чорабинӣ вакилони ҷавон аз осорхонаи Г.Р.Державин, дар шаҳри Санкт — Петербург боздид ба амал оварданд.
ШАРИКОН: