
















Ҳамватанони азиз!
Сокинони фарҳангдӯсти пойтахт!
Ҳамасола санаи 5 октябр дар кишвари маҳбубамон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумоёнро бо ин санаи фархунда самимона муборакбод мегӯям.
Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз куҳантарин ва зеботарин забонҳои ҷаҳон мақоми хешро устувор карда, ба омили асосии ваҳдати саросарӣ, шиносномаи ҳастӣ ва ганҷинаи бебаҳои маънавии миллат табдил ёфтааст.
Дар ин раванд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои ҳуқуқии истифодаи забони давлатӣ ва ҳифзи покии забони адабӣ ташаббусҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Забони модарӣ пояи давлатдорӣ, рукни муҳими истиқлолият ва ҳуввияти миллии мост.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил ва соҳибватани диёр аст, ки ин мероси бузурги аҷдодиро поку беолоиш нигоҳ дошта, барои таҳкиму инкишофи он саҳми арзанда гузорад.
Бори дигар, кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, осудагӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифз ва рушди забони модарӣ барору комёбиҳои беназир таманно дорам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Ҳамдиёрони азиз,
Омӯзгорону устодони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром фарорасии Рӯзи омӯзгоронро ба ҳар яки шумоён – омӯзгорону устодон, мураббиён ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор мебошанд, самимона табрик менамоям.
Омӯзгор дар фарҳанги миллӣ ҳамеша мақоми баланд дошта, чароғи маърифат, пайвандгари наслҳо ва раҳнамои роҳи дониш ба шумор меравад.
Маҳз бо заҳмати содиқонаи омӯзгор насли наврас соҳиби дониш, ҷаҳонбинии созанда, маърифати баланд ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву Ватан мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ва дар доираи барномаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи маориф ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи ҷомеа ва бозори меҳнати дохилию хориҷӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки омӯзгорон бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва азму иродаи қавӣ рисолати муқаддаси хешро дар ҷодаи таълиму тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, фарҳангдӯсту ватандӯст ва созандаву масъулиятшинос шарафмандона амалӣ менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар ба ҳар як корманди соҳаи маориф саломатии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои тозаи эҷодиро орзумандам
Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Собиқадорони парламенти тоҷик!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 26 сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Парламентаризм яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, дар таҳкими низоми сиёсию ҳуқуқии ҳар кишвар аҳаммияти хоса дорад.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагии халқ ва мақоми олии қонунгузор дар ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат, ифодаи манфиатҳои ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад.
Парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти худро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои ниҳоят ҳассосу мураккаб оғоз намуда, дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Фаъолияти қонунгузории мамалакат бо дарназардошти арзишҳои давлатдории миллӣ, манфиатҳои ҷомеа ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ пайваста такмил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо дарки масъулияти баланд дар назди давлату миллат дар таҳия ва қабули қонунҳо, намояндагии манфиатҳои мардум ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми бориз мегузоранд.
Ҳамзамон, густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва муаррифии ташаббусҳои кишвар мусоидат мекунад.
Бо дарки масъулият бояд гуфт, ки фаъолияти мақоми қонунгузор дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кишвар равона шудааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, собиқадорони парламенти Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанонамонро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатию ҷамъиятӣ комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор ва ояндаи боз ҳам ободу шукуфонро таманно дорам.
Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Ҳамватанони азиз!
Сокинони ватандӯсти пойтахт!
Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ ҳамаи шумоёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон – ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯям.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди мо ҳамасола онро 9 сентябр бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил менамояд, санаи муқаддасу сарнавиштсоз ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Истиқлолият бузургтарин неъмати миллӣ, пояи ҳастии давлати соҳибихтиёр, кафили ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурифтихор, вале ҳамзамон пур аз озмоишу мушкилоти таърихӣ буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа, иқтисоди кишвар ва пояҳои давлатдорӣ зарари ҷиддӣ расонида, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатро ба вуҷуд овард.
Барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати талошу заҳмат ва фидокориҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гардид, муҳимтарин дастоварди таърихии даврони истиқлол ба шумор меравад.
Маҳз бо роҳбарӣ ва раҳнамоиҳои хирадмандонаву оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд.
Бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллӣ симои кишварро ба куллӣ дигаргун сохтанд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли кишвар на танҳо санаи муқаддаси таърихӣ, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда мебошад.
Бинобар ин, вазифаи муқаддаси насли имрӯза, бахусус, ҷавонон, ин ҳифзи истиқлолу озоди, арҷгузорӣ ба арзишу дастовардҳои он, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саъю талоши созанда Тоҷикистонро ба марҳалаҳои нави рушду пешрафт хоҳад расонд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар, ин санаи фархундаро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, зиндагии шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, рушди устувор ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Омӯзгорони муҳтарам!
Донишҷӯёну хонандагони азиз!
Бо камоли эҳтиром Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба кулли ҳамватанон, устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён самимона муборакбод менамоям.
Илму маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва омили муҳимтарини пешрафти давлат дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.
Тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, бо амалисозии иқдомҳои созанда барои насли наврас шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Вусъати бесобиқаи сохтмони муассисаҳои таълимию томактабӣ дар пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ далели равшани он аст, ки рушди маориф ва тарбияи насли ояндасоз дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, барои эъмори ҷомеаи донишбунёд ва пешрафта заминаи устувор гузошта мешавад.
Имрӯз дар назди соҳаи маориф вазифаи муҳими омода намудани насли донишманд, соҳибкасб, худшиносу ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қарор дорад. Зеро ояндаи давлату миллат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста мебошад.
Итминони комил дорам, ки шароити имрӯзаи таҳаввулоти амиқи технологӣ хонандагону донишҷӯёнро водор месозад, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми сазовори худро гузоранд.
Бори дигар оғози соли нави таҳсилро ба кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли маорифи кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар як хонандаву донишҷӯ таҳсили пурмаҳсул ва ба Ватани азизамон шукуфоиро орзумандам.
Рӯзи дониш муборак бод, ҳамдиёрони азиз!