Шукурзода Мурод Ҷӯра

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 интихоб гардидааст, аз 18 феврали соли 2015  дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият мекунад.

* Соли таваллуд: 20.08.1965                 * Ҷойи таваллуд:  шаҳри Панҷакент

* Миллат: тоҷик                                     * Таҳсилот: олӣ

*  Соли 1995  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст

* Ихтисос: муаррих, омӯзгори фанни таърих

* Унвони илмӣ:        надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 июли соли 2021, №213

* Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби 3 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1982-1987- Донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент
Солҳои 1984-1986- Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС
Солҳои 1987-1989- Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, ноҳияи Қумсангир
Солҳои 1989-1995- Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 1989-1995- Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Ёрӣ, шаҳри Панҷакент
Солҳои 1995-1996- Ҷонишини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Ёрӣ, шаҳри Панҷакент
Солҳои 1996-2000- Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, шаҳри

Панҷакент

Солҳои 2000-2001- Раиси Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, шаҳри Панҷакент
Солҳои 2001-2002- Котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Солҳои 2002-2006- Мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
Солҳои 2006-2007- Мудири шуъбаи масоили иҷтимот – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
Солҳои 2007-2009- Мудири шуъбаи назорати сифати таълими Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Солҳои 2009-2010- Сармутахассиси бахш оид ба  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Солҳои 2010-2011- Мутахассиси  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
Солҳои 2011-2013- Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳӣ раиси шаҳри Панҷакент
Солҳои 2013-2015- Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
Аз соли 2015 — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
ШАРИКОН: