* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 интихоб шудааст, аз моҳи апрели соли 2022 дар мансаби сардори раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолият менамояд.
* Соли таваллуд: 13.12.1974 * Ҷойи таваллуд: ноҳияи Б. Ғафуров
* Миллат: тоҷик * Маълумот: олӣ
* Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2013 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.
* Ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшиносӣ
* Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, олмонӣ (бо луғат)
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)
* Бо мукофоти давлатӣ сазовор шудааст ё не: медали «Хизмати шоиста» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд
* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:
Солҳои 1991-1996- | Донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Солҳои 1997-2006- | Аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2006-2009- | Мудири шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷан |
Солҳои 2009-2014- | Ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2014-2017- | Директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2017-2022
Аз 11 апрели соли 2022 — |
Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд», дар шаҳри Бӯстон
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд |
Аз 17 апрели соли 2020 — | Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният |