* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоб гардидааст, аз моҳи июни соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Шаҳринав кор мекунад.
* Соли таваллуд: 03.03.1964 * Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ховалинг
* Миллат: тоҷик * Таҳсилот: олӣ
* Соли 1983 Политехникуми шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос: муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ
* Унвони илмӣ: надорад
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали «Хизмати шоиста» аз 11 июли соли 2016, №723, медали ҷашнии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, №213
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 7 фарзанд
* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:
Солҳои 1979-1983- | Донишҷӯи Политехникуми шаҳри Душанбе |
Солҳои 1991-1996- | Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 1983-1984- | Муҳандиси калони шуъбаи парки техникии «Госком-селхозтехника»-и ноҳияи Ховалинг |
Солҳои 1984-1986- | Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1986-1989- | Корманди кумитаи Комсомоли Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг |
Солҳои 1989-1994- | Иқтисодчии шуъба, муовини директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг |
Соли 1995 (08-12)- | Муовини сардори комбинати орди ноҳияи Колхозобод |
Солҳои 1995-2002- | Муовини аввали директори генералии иттиҳодияи «Ғалла»-и вилояти Хатлон |
Солҳои 2002-2006-
|
Мудири шуъбаи манзилӣ ва тақсимоти хонаҳои истиқоматии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) |
Солҳои 2006-2010- | Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) |
Солҳои 2010-2013- | Раиси ноҳияи Ховалинг
|
Солҳои 2013-2018- | Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ |
Солҳои 2018-2020- | Раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2020-2021- | Раиси шаҳри Кӯлоб |
Аз июни соли 2022- | Раиси ноҳияи Шаҳринав |
Аз 17 апрели соли 2020 — | Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология |