Хоҷазода Фарзона Ҳамдам

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ №5 интихоб гардидааст, аз  июни соли 2023 дар мансаби муовини раиси ноҳияи Варзоб кор мекунад.

* Соли таваллуд: 22.04.1986                       * Ҷойи таваллуд:  шаҳри  Ваҳдат

* Миллат: тоҷик                                           * Таҳсилот:  олӣ

* Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

* Ихтисос: журналистика

* Унвони илмӣ: унвонҷӯи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳяи Варзоб, даъвати шашум (дар ҷараёни даъвати солҳои 2020-2025)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»                   аз 23 июли соли 2021, №213

* Вазъи оилавӣ: муҷаррад, соҳиби 1 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 2008-2011- Муҳаррири хурди идораи «Субҳ»-и шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон,  шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2013- Муҳаррири хурди идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2014- Муҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2023- Муовини раиси шаҳри Ваҳдат
Аз июли соли 2023 — Муовини раиси ноҳияи Варзоб
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
ШАРИКОН: