Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

*  Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 интихоб гардидааст, аз 25 феврали соли 2016 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кор мекунад.

* Соли таваллуд: 01.01.1966                      * Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара

* Миллат: тоҷик                                           * Таҳсилот: олӣ

* Соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (он замон Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон) ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

* Ихтисос: духтури муолиҷавӣ

* Унвони илмӣ: доктори илмҳо тиб (2007), профессор

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ, англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест

* Мукофотҳои давлатӣ: Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

 Солҳои 1983-1989- Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
 Солҳои 1989-1990- Духтур-интерни шуъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб
 Солҳои 1990-1991- Духтур-ҷарроҳи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб
 Солҳои 1991-1993- Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи муолиҷавии Донишгоҳи тиббӣ
 Солҳои 1995-2001- Духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникавии шаҳрӣ №5 (шаҳри Душанбе). Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
 Солҳои 2001-2003- Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
 Солҳои 2003-2007- Дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
 Солҳои 2005-2009- Декани факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Аз соли 2008 — Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
 Соли 2009 (02-09)- Декани факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
 Солҳои 2009-2016- Муовини ректор оид ба илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Аз феврали соли 2016 — Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Аз 17 апрели соли 2020 — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон
ШАРИКОН: