* МИРЗОНАБОТ Алишер Худобердӣ

* Аз 26 августи соли 2022 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 дар ҷараёни даъват узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз 5 ноябри соли 2021 дар мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекунад.

* Соли таваллуд: 27.08.1980                          * Ҷойи таваллуд: ноҳияи Рӯшон

* Миллат:   тоҷик                                             * Таҳсилот: олӣ

* Соли 2003 Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2006 Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия ва соли 2018 Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм  кардааст.

* Ихтисос:  мутахассис дар соҳаи идоракунии ҳарбӣ

* Унвони илмӣ: надорад

* Рутбаи махсус: Генерал майор

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ ва англисӣ (бо луғат)

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони  халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум (солҳои 2020-2025, дар ҷараёни даъват интихоб шудааст)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  соли 2015 медали Марзбони шуҷои Ватан, соли 2021 медали ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2022 ордени Шараф дараҷаи II

* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 * Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1998 – 2000 — Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000 – 2003 —

 

Шунавандаи (курсанти) Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон
Солҳои 2003 – 2005 — Муовини сардори ситоди отряди 15 сарҳадии ноҳияи Мурғоби Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2005 – 2006 —

 

Аспиранти (адъюнкти) Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия
Солҳои 2006 – 2007 — Сардори ситод-муовини якуми командири отряди 21 назорати сарҳадии Раёсати минтақавии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, н. Спитамен
Солҳои 2007 – 2009 — Сардори ситод-муовини якуми командири нуқтаи гузаргоҳи назоратии Конибодом Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Конибодом
Солҳои 2009 – 2011 — Афсари калони шуъбаи фаъолияти намояндагии сарҳадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011 – 2014 — Сардори ситод-муовини якуми отряди 6 сарҳадии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Панҷ
Солҳои 2014 – 2017 — Сардори отряди сарҳадии 7 Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳамадонӣ
Соли 2017 (07-09) — Сардори отряди сарҳадии 6 Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Панҷ
Солҳои 2017 – 2018 —

 

Аспиранти Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017 – 2018 — Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2018 – 2020 — Муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Солҳои 2020 – 2021 — Раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз 5 ноябри соли 2021- Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз 26 августи соли 2022 — Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 (дар ҷараёни даъват интихоб шудааст)
Аз 16 декабри соли 2022 — Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ШАРИКОН: