Баргузории ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

11 апрел дар шаҳри Москва ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия Аҳмадзода Раҷаббой ва Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Изҳор гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

             

 

 

 

 

 

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст масъалаи рафти амалишавии Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои Комисия доир ба вазъи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа вақт ва макони баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: