*Аз 15 апрели соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин шудааст, аз январи соли 2024 дар мансаби раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
* Соли таваллуд: 19.09.1968 * Ҷойи таваллуд: шаҳри Панҷакент
* Миллат: тоҷик * Таҳсилот: олӣ
* Соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Университети давлатии Тоҷикистон) — ро бо дипломи аъло хатм кардааст.
* Ихтисос: физик, физик – омӯзгор
* Унвони илмӣ: Доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум (солҳои 2020-2025)
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (1999) ва ордени Шараф, дараҷаи 2 (2011)
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:
Солҳои 1985-1987- | Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1987-1989- | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1989-1992- | Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (идомаи таҳсил то хатм) |
Соли 1992 (08-11)- | Лаборанти калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1992-1995- | Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия (муштарак) |
Солҳои 1995-1997- | Муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-2000- | Докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия (муштарак) |
Солҳои 2000-2001- | Дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2005- | Сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2005-2006- | Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2013- | Муовини аввали вазири маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2024 — | Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз январи соли 2024- | Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз соли 2015 то 17 апрели соли 2020- | Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон (даъвати панҷум, солҳои 2015-2020) |
Аз 17 апрели соли 2020- | Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ |