Мизи мудаввар: «Вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ»

Кори мизи мудавварро муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Амонзода И.Т. ва Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Карасин Г.Б. ифтитоҳ намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома нақши палатаҳои болоии парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва тавсеаи робитаҳои минтақаҳои ду кишвар Амонзода И.Т. баромад намуда, қайд карданд, ки дар ҳамкориҳои мутақобила дар сатҳи минтақавӣ робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ нақши муҳим доранд, ки ба таҳкими мавқеи Федератсияи Русия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ҳоло дар ин самт зиёда аз 80 созишнома ва меморандумҳои байниминтақавӣ амал мекунанд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти якҷояи хайатҳои парламентии тарафҳо дар ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ, тарафҳо зикр намуданд, ки парлумонҳои кишварҳои мо танҳо бо ҳамкориҳои дуҷониба маҳдуд нашуда, балки бо созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ҳам робита доранд. То имрӯз бо бисёре аз созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робитаҳои зич барқарор шудаанд. Аз ҷумла бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғайра.

Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома таҷрибаи татбиқи санадҳои қонунгузории намунавӣ ба қонунгузории миллии тарафҳо аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Идизода Ф.Ф. баромад намуда, зикр намуд, ки қонунҳои намунавие, ки дар доираи АБП ИДМ ва АП СААД қабул мегарданд мунтазам дар қонунгузории Ҷумуҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

Ҳангоми баррасии масъалаи охири рӯзнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки ҳайатҳои парламентии ҷонибҳо оид ба масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ вобаста ба вазъ дар Афғонистон саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Искандаров Қ., ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ С.А. баромад намуда, зикр намуданд, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон хатарнок буда, ҳамкории ҷиддиро металабад.

 

ШАРИКОН: