Мизи мудаввар: «Амали якҷояи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи муҳоҷират: вазъ ва такмили минбаъда»

Дар доираи омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният якҷо бо кумитаҳои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ, оид ба мудофиа ва амният, оид ба корҳои байналмилалӣ ва оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Амали якҷояи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи муҳоҷират: вазъ ва такмили минбаъда» доир намуд.

Мизи мудаввар таҳти раёсати Раҳмон Д.С. — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Полетаев В.В. — муовини якуми раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ, ба тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

Дар кори он раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ Клишас А.А., аъзои кумитаҳои зикршуда ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Россия иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома дар мизи мудаввар бо ташаббуси тарафи Тоҷикистон дар умум 8 маърӯза оид ба масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

— вазъи баҳисобгирии муҳоҷирон, мушкилот ва ҳалли минбаъдаи онҳо. Мубодилаи итиилоот оид ба шахсоне, ки берун ё ихроҷ шудаанд ва шахсоне, ки воридоти онҳо ба Федератсияи Россия манъ аст. Масъалаҳои реадмиссия;

— дар бораи ҷалби муташшаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, суғуртаи иҷтимоӣ, қонунигардонии буду бош ва авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, такмили вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо. Рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират;

— вазъи заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Россия, махсусан дар соҳаи муҳоҷират: мушкилот ва такмили минбаъда.

Тазаккур дода шуд, ки мавзӯи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи парламентҳои Тоҷикистон ва Россия қарор дошта, муносибатҳои вобаста ба муҳоҷират бо созишномаҳои дуҷониба ва қонунгузории миллӣ танзим гардида, он дар шароити иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти манфиатҳои шаҳрвандон анҷом дода мешавад.

Дар ин замина, ба хотири таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон, муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва пайгирии роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, зарурати тасҳеҳу такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, рушди фаъолияти якҷоя, баланд бардоштани обрӯву нуфузи муҳҷирони меҳнатӣ, таҳияи тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии иҷрои онҳо таъкид карда шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз муҳокимаи масъалаҳои зикршуда, зарур дониста шуд, ки матни ниҳоии мувофиқашудаи тавсияҳо барои ворид намудан ба лоиҳаи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII аз ҷониби тарафҳо ба таври мустақим омода карда мешавад.

Мизи мудаввар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусоҳибаи конструктивӣ баргузор гардид.

ШАРИКОН: