Иттилоъ оид ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

27 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шӯро 34 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул карда шудаанд, инчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло ва дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Исматзода Азизулло мавриди муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

ШАРИКОН: