Гузориш оид ба иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 32 масъала қабул намуданд.

Сипас зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳум раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Аз рӯи рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро, ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул карда шудаанд, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

 Ҳамчунин, дар идомаи кори иҷлосияи шонздаҳум як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда, онро дастгирӣ карданд.

Бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло бинобар вафоташ қатъ карда шуда, ӯ аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд карда шуд.

Бо ҳамин, иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: