Дар доираи омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентӣ: «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ҷаласаҳои мизҳои мудаввар баргузор гардиданд

10 ва 11 ноябри соли 2021 дар ҳошияи омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентӣ: «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки бо ибтикори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия чун анъана дар ҳар ду сол ташкил карда мешавад, ҷаласаҳои панҷ мизи мудаввари он тариқи алоқаи видеоӣ (маҷозӣ) баргузор гардиданд.
Аъзои кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар доираи мизҳои мудаввар масъалаҳои муҳиму афзалиятноки рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар кори мизҳои мудаввар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок карда, доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Федератсияи Россия андешаронӣ карданд.
Зикр кардан лозим аст, ки иштирокчиёни мизҳои мудаввар дар панҷ қисмати алоҳида атрофи мавзӯъҳои умда, аз қабили «Ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Россия», «Рушд ва такмили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ», «Дар бораи вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи аграрӣ», «Вазъ ва дурнамои ҳамкории гуманитарии Тоҷикистону Россия: маориф, илм, фарҳанг» ва «Ҳамкории Тоҷикистону Россия дар самти муҳоҷират» мубоҳиса ва муҳокимаронӣ карданд.
Аз рӯи ҷамъбасти баррасии масъалаҳои пешбинишуда лоиҳаи тавсияҳои мизҳои мудаввар таҳия шуда, онҳо бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иловагии ҷонибҳо такмил ва роҳандозӣ хоҳанд гардид.

      

ШАРИКОН: