Баргузории ҷаласаи 9-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

11 ноябри соли 2021 ҷаласаи 9-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба таври маҷозӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи Комиссия аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи ҳамкорӣ Аҳмадзода Р., раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ. ва Гулзода М.Қ., аъзои Маҷлиси миллӣ Амонзода И., Набизода М., Одилбекова Л., Шоиддинов Ф., инчунин кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Кори ҷаласаро ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ аз ҳар ду ҷониб — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р. ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Журавлев Н.А. оғоз ва ба он раисӣ карданд.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкорӣ масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин дурнамои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои палатаҳои болоии мақоми олии қонунгузори Тоҷикистону Россия рафти иҷрои Нақшаи кори Комиссия дар соли 2021, дурнамои рушди муносибатҳои байни палатаҳо, лоиҳаи Нақшаи кори Комиссия барои соли 2022-ро баррасӣ карданд.
Дар фарҷом муҳлат, макон ва лоиҳаи барномаи ҷаласаи даҳуми Комиссияи ҳамкорӣ муайян карда шуд.

     

ШАРИКОН: