Вохӯрии раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин

22 декабр дар толори Маҷлиси миллӣ вохӯрии раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод ва оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод Сафарбек бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарламентӣ тавассути тамосҳои мунтазами гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуд.

ШАРИКОН: