Баргузории ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе дар бинои Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.

Дар оғози кори ҷаласаи якҷоя доир ба тартиби кор, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва инъикоси ҷараёни он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи ҳаштум аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси на­мо­ян­­­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.», «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.», «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.», «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.» ва «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.» баррасӣ ва қабул намуданд.

Сипас, кори ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар «Кохи Сомон»-и «Маҷмӯи меҳмонхонаҳо»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд.

Зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди босуръати саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маъсалаҳои мубрами таъмини  амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идомаи кори ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифаҳои навбатии мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро бобати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушду тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, баён карданд.

Зикр гардид, ки ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондодҳои дар он зикргардида саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷом муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи якҷоя, сокинони сарбаланду ватандӯсти мамлакат, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафти рӯзафзун таманно намуданд.

Бо ҳамин, ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: