Хабар дар бораи ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 23 декабри соли 2022, соати 08-00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 аз соати 08-00 то соати 17-00 ва 23 декабри соли 2022 аз соати 07-00 то 08-00 дар ошёнаи якум бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраи №1 ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35.