Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

20 майи соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии  фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба қонунҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардиданд.

ШАРИКОН: