Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

20 майи соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба қонунҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардиданд.

ШАРИКОН: