Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

6 декабр ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия таҳти раёсати раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита нисбат ба қонунҳои баррасишуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: