Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозоии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

6 декабр ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи мазкур Раҳимӣ Фарҳод баргузор гардид.

Аъзои Кумита тибқи рӯзномаи ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Лахшро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳо ва пешниҳоди баррасишуда қабул гардидаанд.

ШАРИКОН: