Қонуни ҶТ «Дар бораи амнияти нақлиётӣ»

           (АМОҶТ, с.2012, №7, м.697)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмўи нақлиёт вобастаанд, танзим менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

амнияти нақлиётӣ – ҳолати ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ;

таъмини амнияти нақлиётӣ – амалӣ намудани тадбирҳои аз ҷониби давлат муайяншудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ дар соҳаи маҷмўи (комплекси) нақлиёт, ки ба хавфи содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мутобиқат мекунанд;

амали дахолати ғайриқонунӣ – амали зиддиҳуқуқӣ (аз ҷумла амали террористӣ), ки ба фаъолияти бехатарии маҷмўи нақлиёт таҳдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари моддӣ ва ё боиси хавфи ба вуҷуд омадани  чунин оқибатҳо гардад;

мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ ваколатдор кардааст;

гурўҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт – мансуб донистани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба гурўҳҳои муайян бо назардошти дараҷаи хавфи содир кардани амали дахолати ғайриқонунӣ ва оқибатҳои эҳтимолии он;

объектҳои инфрасохтори нақлиёт – маҷмўи технологие, ки роҳи оҳан, роҳҳои обии дохилӣ, хатсайрҳои пайвасткунанда, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, гузаргоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва автобусҳо, бандарҳои махсуси моҳидорӣ ва дарёӣ, воситаҳои бандарӣ, иншоотҳои гидротехникии киштиронӣ, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, объектҳои низоми алоқа, киштиронию ҳавонавардӣ ва идораи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоҳҳо ва таҷҳизоте, ки фаъолияти маҷмўи нақлиётро таъмин мекунанд;

арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт – муайян намудани дараҷаи ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ;

ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ – шахсони ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт муқаррар гардидаанд;

субъектҳои инфрасохтори нақлиёт – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибмулкони объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мебошанд ё онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд;

воситаҳои нақлиёт — нақлиётҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, обӣ, барқӣ ва қубурӣ, ки барои ҳамлу нақл муқаррар шудаанд;

маҷмўи нақлиёт – объектҳо ва субъектҳои инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои нақлиёт;

сатҳи амнияти нақлиётӣ – дараҷаи ҳимоя шудани маҷмўи нақлиёт, ки ба дараҷаи хатари содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ мувофиқат мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ

Қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  амнияти нақлиётӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ

  1. Мақсади таъмини амнияти нақлиётӣ фаъолияти устувор ва бехатари маҷмўи нақлиёт, ҳимояи манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаҳои маҷмўи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мебошанд.
  2. Вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инҳоянд:

— танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

— муайян намудани таҳдидҳо оид ба анҷом додани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ;

— арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт;

— гурўҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт;

— таҳия ва татбиқи талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ;

— таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ;

— тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

— санҷиш  ва назорат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

— таъмини иттилоотӣ, моддию техникӣ ва илмию техникии амнияти нақлиётӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти нақлиётӣ

Принсипҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инҳоянд:

— қонуният;

— риояи мувозинати манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат;

— масъулияти тарафайни шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

— ҳамгироӣ (интегратсия) бо низоми байналмилалии амният;

— ҳамкории субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва мақомоти давлатӣ.

БОБИ 2.

АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ ВА ТАДБИРҲО

ОИД БА ТАЪМИНИ ОН

Моддаи 5. Таъмини амнияти нақлиётӣ

  1. Таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба зиммаи субъектҳои инфрасохтори нақлиёт вогузор карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 6. Арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ

1.Тартиби арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад.

  1. Осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи таъмини амнияти нақлиётӣ арзёбӣ карда мешавад.
  2. Натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ тасдиқ карда мешаванд.
  3. Интишори маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт манъ аст.

Моддаи 7. Гурўҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт

  1. Миқдори гурўҳҳо ва меъёри гурўҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт бо тартибе муқаррар карда мешаванд, ки он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муайян карда мешавад.
  2. Объектҳои гурўҳбандишуда ба феҳристи объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт дохил карда мешаванд, ки пешбурди он ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқарраргардида вогузор карда мешавад.

Моддаи 8. Сатҳи амнияти нақлиётӣ, объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёт

  1. Бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ дар маҷмўи нақлиёт сатҳҳои гуногуни амнияти нақлиётӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Номгўи сатҳҳои амнияти нақлиётӣ ва тартиби эълон намудани онҳо дар ҳолати тағйир ёфтани дараҷаи хавфи содиршавии амали дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти маҷмўи нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 9. Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ

Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, ки сатҳҳои амниятро дар асоси моддаи 8 Қонуни мазкур барои гурўҳҳои гуногуни объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб мегирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муқаррар карда мешавад.

Моддаи 10. Банақшагирӣ ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт

  1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт дар асоси натиҷаи арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиётро таҳия менамоянд. Нақшаҳои зикршуда маҷмўи чораҳоро оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд. Тартиби таҳияи нақшаҳои зикршударо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар мекунад.
  2. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиётро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ тасдиқ мекунад.
  3. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби субъектҳои инфрасохтори нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
  4. Интишори маълумоти нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт манъ мебошад.

Моддаи 11. Маҳдудиятҳо ҳангоми қабул кардан ба коре, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманд мебошад

  1. Ба мансабе, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманд аст, шахсони зерин қабул карда намешаванд:

-онҳое, ки доғи судӣ доранд;

-онҳое, ки дар қайди муассисаҳои мақомоти давлатии тандурустӣ бо сабаби бемориҳои рўҳӣ, майзадагӣ ё нашъамандӣ мебошанд;

-онҳое, ки ваколатҳояшон дар вазифаи давлатӣ пеш аз мўҳлат қатъ гардидааст ё аз хизмати давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти прокуратура ё мақомоти судӣ бо асосҳое озод карда шудаанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани кирдори бадномкунандаи шарафи хизматчии давлатӣ, дағалона ё пайдарпай риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва нобоварӣ нисбат ба ў алоқаманд буда, баъди пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколатҳо ё озод шудан аз хизмати давлатӣ камтар аз се сол гузашта бошад;

— онҳое, ки дар асоси натиҷаи тафтиши мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидашуда хулосаи мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар бораи  норавоии фаъолияти чунин шахсон дар объектҳои барои ҳаёт ё саломатии инсон, инчунин барои муҳити зист хатари зиёддошта вуҷуд дошта бошад.

  1. Номгўи кору ихтисос ва мансабҳое, ки бевосита бо таъмини амнияти нақлиётӣ алоқаманданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи амнияти нақлиётӣ

  1. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва алоқа низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиётӣ таъсис дода мешавад, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Низоми иттилоотии мазкур инчунин аз махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон иборат мебошад. Чунин махзанҳо дар ҳолати иҷрои навъҳои зерини ҳамлу нақл тартиб дода мешаванд:

-ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ ва байналмилалӣ;

-ҳамлу нақли дохилии дур ва байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан;

-ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти обӣ ва автомобилӣ;

-ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, нақлиёти дохилии обӣ ва автомобилӣ аз рўи хатсайри алоҳида, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ сурат мегирад.

  1. Махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи сохторҳои зерин тартиб дода мешавад:

-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон;

-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

-давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти нақлиётӣ.

  1. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо) маълумоти зерин ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ирсол карда мешавад:

— насаб, ном ва номи падар;

— сана ва ҷои таваллуд;

— намуд ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар асоси он ҳуҷҷати мусофират (чипта) харида шудааст;

— нуқтаи ба роҳ баромадан, нуқтаи таъиншуда, намуди хатсайри ҳаракат (бе истгоҳи гузариш, транзитӣ);

— санаи мусофират.

  1. Тартиби ташкил кардан ва пешбурди махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон, ҳамчунин пешниҳод намудани маълумоти дар он дарҷгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Субъекти инфрасохтори нақлиёт ё интиқолдиҳандаи давлати хориҷие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад, ҳамлу нақли байналмилалии мусофиронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва ё ҳудуди онро тибқи дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, маълумоти ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо)-ро ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ирсол менамояд.
  3. Риояи тартиби ирсоли маълумоти дар ҳамин модда пешбинишударо ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи нақлиёт, ки вазифаи танзим ва назоратро дар соҳаи нақлиёт ба зимма доранд, назорат мекунанд.
  4. Интишори маълумот оид ба захираҳои иттилоотии низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиётӣ манъ аст.

Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ

1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд, ки:

— бо тартиби муқарраршуда аз мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётӣ маълумотро дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ дастрас намоянд;

— ба мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ доир ба таъмини амнияти нақлиётӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

2. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон уҳдадоранд, ки:

— бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ фавран дар бораи таҳдидҳои содир кардан ва содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт маълумот диҳанд;

— дастурҳо ва қарорҳои шахсони масъули ваколатдори мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётиро дар бораи рафъи риоя нашудани талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ мувофиқи моддаи 9 Қонуни мазкур иҷро намоянд;

-дар ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ, ҳамчунин рафъи оқибати онҳо, муқаррар намудани сабабу заминаҳои содир шудани онҳо мусоидат намоянд.

 

БОБИ 3.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 июли соли  2012,

№ 847

ШАРИКОН: