Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  2. Низомнома дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвир ва тавсифи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
  3. Маблағгузории хароҷоти вобаста ба таъсиси Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда амалӣ карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Рустами Эмомалӣ

 

ш. Душанбе,

30 майи соли 2022,

№283

 

Замимаи 1

Низомнома

дар бораи Нишони Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣ буда, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани онро нишон медиҳад.
  2. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба ѓайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва насб карда мешавад.

 

 

Замимаи 2

Тасвири Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Намунаи тасвири Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Замимаи 3

Тавсифи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамз ва муаррификунандаи Маҷлиси миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои хоси фаъолият ва мақсаду мароми онро ифода менамояд.
  2. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст. Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он «МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва дар поёни он «МАҶЛИСИ МИЛЛӢ» навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо карда шудаанд.

 

ШАРИКОН: