Эълон: Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ

Тибқи амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои зерини маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2. Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2115, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
3. Сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 2115, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
4. Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2115, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1568, 70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
6. Мутахассиси пешбари шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1568, 70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1568, 70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
8. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1568, 70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРӢ
Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии
категорияи чорум:
Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;
Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон;
Сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— таҳсилоти олии касбӣ (доштани донишҳои мушаххаси касбӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, на кам аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо технологияҳои иттилоотӣ.
Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии
категорияи шашум:
Мутахассиси пешбари шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;
Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо технологияи иттилоотӣ.
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 42 ва почтаи электронии kadr@majmilli.tj шахсан ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:
— ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муқарраргардида;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
— тарҷумаи ҳол;
— маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;
нусхаи шиноснома;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли муайяншуда);
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;
маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯйи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб вазифадор аст пеш аз санҷиши пешакӣ ҳуҷҷати аслиро пешниҳод намояд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.
Сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.majmilli.tj
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 221-98-35 ва 227-18-62
КОМИССИЯИ ОЗМУН
ШАРИКОН: