Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

22 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодиро ба ҳузур пазируфта, изҳор намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ тақозо менамояд, ки беш аз пеш ҷиҳати такмил, тавсеа ва тақвият бахшидани робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию байнипарламентӣ баҳри комилан татбиқи ташаббусҳою ҳадафҳои созандаи Роҳбарони ҳарду давлатҳо чораҳои муассирро роҳандозӣ намоем.

Ҷонибҳо бо итминон изҳор доштанд, ки густаришу таҳкими робитаҳо баҳри садгузорӣ ба тамоюлҳои номатлуби ҷаҳонишавандаи экстремизму терроризм ва ифротгароии фаромиллӣ нақши муҳим мегузоранд.

Ҳамзамон, изҳори боварӣ карда шуд, ки тарафҳо тавассути фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва таҳкими робитаҳои густардаи байнипарламентӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ заминаи сазовор хоҳанд гузошт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар зимн таъкид дошт, ки барои рушди пайвастаи ҳамкориҳои байнипараламентӣ, мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем ва умедворем, ки шумо ҳамчун сафир барои баланд бардоштани  сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти густардаро амалӣ хоҳед намуд.

Дар навбати худ Ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодӣ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос  ва зикр намуд, ки барои такмилу таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш дар ҳама самтҳо тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва самарабахш фарҷом ёфт.

ШАРИКОН: