Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев барқияи табрикотӣ ирсол намуданд

Муҳтарам Маулен Сагатханули,

Ба шумо ва тамоми мардуми қазоқ Рӯзи истиқлолиятро самимона муборакбод мегӯям.

Дар тӯли солҳои истиқлолият кишвари Шумо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Мо ба рушди ҳамкории тоҷикистонию қазоқистонӣ дар ҳамаи соҳаҳое, ки барои кишварҳои мо манфиати мутақобилан судманд доранд, аҳамияти хоса медиҳем.

Бовар дорам, ки талошҳои муштараки мо минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни халқҳо ва кишварҳои мо равона карда мешаванд.

Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти   кишвари Шумо мехоҳам ба Шумо таманниёти неки саломатии қавӣ ва хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Қазоқистон — пешрафту шукуфоии минбаъдаро иброз намоям.

ШАРИКОН: