Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи модар

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони арҷманд!

Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола бо арҷгузорӣ ба Зан – Модар ва нақши ӯ дар зиндагии инсоният ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ба оғози эҳёи табиат, фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи бисёр неку фархунда мебошад.

Зеро Зан – Модар худ баҳор аст ва бо меҳрубониву навозишаш зиндагии моро нуру тароват ва рӯзгори моро гармӣ мебахшад.

Воқеан, Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои адои рисолати муқаддасу бузурги инсонӣ – офариниши ҳаёти башар, пайванди наслҳо ва рушду камоли фарзанд сарф менамояд.

Ӯ чароғи ҳар хонадон, сарчашмаи меҳр ва зинати ҷаҳон мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои наҷибона ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони мо ҳар сол 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба занону бонувони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда такя намуда, ба хотири ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос ва фаъолу ташаббускор тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсат, аз ҷавонмардони мамлакат, бахусус, ҷавонони пойтахти кишвар даъват ба амал меорам, ки бо риояи анъанаву суннатҳои неки миллати бостонии тоҷик нисбат ба модару хоҳар, духтар ва ҳамсарони худ доимо меҳрубону ғамхор бошанд, дар пешбурди зиндагӣ ба онҳо ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ҳамдаму ёвари вафодор ҳамеша кумак расонанд.

Итминони комил дорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо дар оянда низ дар роҳи таълиму тарбияи насли солиму созанда, рушди давлату ҷомеа ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона саъю талош меварзанд.

Бори дигар ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарони азизро ба ифтихори ҷашни самимияту зебоӣ ва эҳтирому қадршиносӣ – Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи ободу осуда, бахту саодат ва зиндагии пурбаракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!

ШАРИКОН: