Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди шаҳри Теҳрон гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.

ШАРИКОН: