Омодагиҳо ба баргузории муҳокимаи парламентӣ дар Маҷлиси миллӣ

3 марти соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахустин оид ба омодагӣ ва баргузории муҳокимаи парламентӣ таҳти унвони «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017» аз 19 январи соли 2018, №565/1», дар семоҳаи якуми соли равон ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳо аз шахсони масъул – Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ва мудирони шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва касбӣ доир гардидани чорабинии мазкур тадбирҳои мушаххаси омодагӣ андешанд.

Аз ҷумла, дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда: «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастур фармуд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда паҳлуҳои мухталифи мушкилоти мавҷуда дар сатҳҳои гуногун таҳлил ва барои рафъи монеаҳои ҷойдошта таклифҳои асоснок омода карда шаванд.

Дар ҷаласа таъкид гашт, ки баҳри баррасии амиқ ва ҳамаҷонибаи масъала дар муҳокимаи парламентӣ мутахассисони варзидаи соҳа ва коршиносони мустақил ҷалб ва бо ин мақсад гуруҳи кории марбута таъсис дода шавад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки вобаста ба масъалаи баррасишаванда сокинон метавонанд таклифу пешниҳодоти судманди худро тавассути почтаи электронии dastgoh.milli@rs.tj ба унвони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

ШАРИКОН: