Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи (ш. Пекин, 21 августи соли 2023)

21 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи мулоқот анҷом доданд.

Мулоқот бо изҳори арзи сипоси самимии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва меҳмоннавозии гарму самимӣ оғоз гардида, сипас, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтои худро ба муносибати интихоб гардидан ба мансаби Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муборакбод намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки робитаҳои байнидавлатии сифатан нав, ки бо талошҳои муштараки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин устувор гардидаанд ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин ба принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдастӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, асос ёфтаанд.

Дар ин зимн, ҷонибҳо ибрози назар намуданд, ки робитаҳои байнипарламентӣ ба сифати василаи муҳими маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Чин барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва дӯстии байни мардуми ду кишвар мусоидат менамояд.

Тайи беш аз 30 соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо такя ба эътимоду боварии ҳамдигарӣ ба сатҳи рушди босуръат ва баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардиданд, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ падидаи нодир аст.

Ҳамчунин дар ин давра оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун густариш ёфта, натиҷаҳои пурсамари амалҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дастрас мегарданд.

Заминаи назарраси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба бо Чин фарогири ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ буда, ҷиҳати тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мусоидат менамояд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат ба ҷониби Чин барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор карда, ҳамзамон тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур шумурданд.

Дар рафти музокирот зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри амиқтар намудани муносибатҳои наздики боэътимоди ду кишвар ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ, мусоидат менамояд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Даъват бо хушнудӣ қабул гардид.

Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Сипас, дар ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:

— аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми  2 миллион доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу»;

  • аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода Зоҳир ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэн Ҷи санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

ШАРИКОН: