Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Тажибаев

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаевро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ мавсуфро бобати ба ҳайси Сафир таъин гардиданаш шодбош ва барои иҷрои вазифаи олии дипломатӣ ба ӯ муваффақиятҳо таманно намуда, бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстона байни халқҳои ҳарду кишвар, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд, иброз намуданд, ки мо беш аз пеш бо истифода аз имконият ва  шароити фароҳами ҷойдошта, дар фазои соҳибистиқлолии кишварҳоямон ҳамкориҳои мавҷударо таҳким ва самтҳои нави судманди тарафайнро дар сатҳ ва тарҳи  нави ҷавобгӯи талаботҳои ниёзи ҷонибҳо амалӣ созем.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, махсусан равобити мутақобилан муфиди парламентиро баҳри тақвияту тасеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеи тарафҳо муҳим арзёбӣ ва мувофиқи мақсад шуморида, изҳори итминон намуданд, ки дар густариши  робитаҳои доманфарохи шарикии стратегии кишварҳо, бахусус дар самти саноатию инноватсионӣ ҷаноби Сафир тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

Бо дахли масоили ҳамкорињои байнипарламентӣ дар сатҳи институтҳои минатқавию байналмилалии амалкунанда Раиси Маҷлиси миллӣ аз мавзеъгириҳои муштарак нек ёдовар шуда, афзуданд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми Раисони парламентҳои кишварҳои Авросиё дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Нур-Султон собитгари рушди институти парламентаризм дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ҷаноби Аскар Тажибаев дар навбати худ аз пазироии Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори сипос намуда, омодагии хешро барои андешидани чораҳои воқеӣ баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо дар густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа баён дошт.

Дар ин зимн, аз Раиси Маҷлиси миллӣ даъват ба миён оварданд, ки бобати таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд.

Роҷеъ ба пешниҳодот ва масъалаҳои дар раванди вохӯрӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев зикршуда Сафир изҳор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт.

ШАРИКОН: