Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                               Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 декабри соли 2020, № 98

тасдиқ шудааст

Консепсияи

рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар замони муосир ҳамкории байнипарламентӣ як намуди ҳамкории байнидавлативу байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун институти муассири намояндагии демократӣ ва амалисозии дипломатияи парламентӣ дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонию минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Консепсияи мазкур маҷмӯи ғояҳо, назарияҳо ва асноди сиёсӣ — барномавиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмуҳлат муайян менамояд.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи комилан нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар ин замина таъсис додани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш ба шакли идораи президентӣ саҳифаи навро дар таърихи давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқи миллӣ боз намуд.
  2. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Маҷлиси миллӣ) ҳамчун падидаи нав дар сохтори давлатӣ ва ҷузъи таркибии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад, кафолати муҳимми қабули қонунҳои мукаммал ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум маҳсуб ёфта, дар тақвияти бақои сохти давлатдории навин, татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, таҳким ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногуншаклӣ ва баробарии моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, инчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ нақши босазо гузошт.
  3. Муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлатӣ, ки тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Заминаи ҳуқуқии онро Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил дода, ҳадафи асосии он аз таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми шахсият, ҷамъият ва давлат, суботи ҷаҳониву минтақавӣ, муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ ва мусоидат ба пойдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ иборат аст.
  4. Робита ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, ҳамоҳангсозиву мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ, таҳаввулоти ҳуқуқу низоми ҳуқуқии байналмилалӣ, ивазшавии тамоилҳо ва муносибатҳои ҷаҳонӣ, таъсиси иттиҳодия ва гурӯҳҳои нав дар сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ, ташаккули симои нави геополитикӣ, инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки дар баррасии мушкилоти бамиёномада ва роҳҳои ҳалли онҳо таъсиррасон мебошанд, мутобиқ намудани рушди бемайлони кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироии минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ, татбиқи воқеъбинона ва мутавозинаи манфиатҳои миллӣ амалӣ карда мешавад.

Боби 2. Маҷлиси миллӣ дар низоми муносибатҳои байнипарламентӣ

  1. Таъсис ва ташаккулёбии Маҷлиси миллӣ, роҳандозии робита ва ҳамкории байнипарламентии он ба давраи рӯйдодҳои ниҳоят ҳассос, аз қабили шиддат ёфтани рақобат ҷиҳати дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва захираҳои стратегӣ, ба миён омадани буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, вусъати терроризми байналмилалӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ифротгароии сиёсӣ ва динию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмиву нажодӣ, бархӯрди тамаддунҳо, таассуб ва ҷудоихоҳӣ, аз ҷониби доираи муайяни давлатҳо ҷиҳати татбиқи манфиатҳои геополитикии худ мусоидат намудан барои вайрон кардани тартиботи байналмилалӣ ва монеъ шудан ба созмон додани ҷаҳони бисёрқутба, афзудани мушкилоти экологию тағйирёбии вазъи иқлими сайёра, масоили демографӣ, афзоиш ёфтани шумораи шахсони камбизоат, бекорию муҳоҷирати оммавӣ ва ғайра рост омад.
  2. Новобаста ба раванду тамоилҳои гуногунҷанбаи ба сулҳу суботи ҷаҳонӣ таъсиррасонанда, Маҷлиси миллӣ дар фаъолияти худ на танҳо ба марҳилаи нави муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат намуд, балки дар шинохти он ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои умумиҷаҳонии Тоҷикистон нақши босазое гузошт.
  3. Ташаккулёбии Маҷлиси миллӣ ҳамзамон бо пазируфтани он ба узвияти созмонҳои бонуфузи байнипарламентии минтақавӣ ё ҷаҳонӣ сурат гирифта, то имрӯз он аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттифоқи парламентии давлатҳои аъзои Конфронси Исломӣ, Иттифоқи Парламентии Осиё, Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гардид.
  4. Яке аз ҳадафҳои аъзои комилҳуқуқи созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ ва минтақавии байнипарламентӣ гардидани Маҷлиси миллӣ дар баробари ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар, ҳамчунин мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби берунӣ барои рушди устувори кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо истифода аз минбари созмонҳои мазкур баҳри ташаккулёбии мавқеи ягона ва мувофиқашудаи ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ, роҳандозӣ намудани амалишавии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон тавассути ҷалби шарикон ва доираи васеи парламентҳои давлатҳои хориҷӣ мебошад.
  5. Маҷлиси миллӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур дар заминаи сиёсати шаффоф ва «дарҳои кушода» робитаҳои байнипарламентии бисёрсамтаро бо риояи принсипи муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ амалӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври ҳамешагӣ ҳамчун шарики боэътимод муаррифӣ ва эътироф гардад.
  6. Бо дарназардошти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарзу ҳамҷавор ва берун аз он, инчунин таҳкими робитаҳои байнипарламентии дуҷониба, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо парламентҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Туркия, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Латвия, Покистон, Эрон, Қувайт, Корея, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо таъсис дода шудаанд.
  7. Маҷлиси миллӣ бо таваҷҷуҳ ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шарикии стратегӣ, ки истифодаи сиёсати стандартҳои дугонаро инкор менамояд, созишномаҳои дахлдорро бо парламентҳои давлатҳои дигар ба имзо расонида, шаклҳои нави ҳамкорӣ, ба монанди баргузории форумҳои байнипарламентиро роҳандозӣ менамояд. Масъалаҳое, ки дар форум бо ташаббуси Маҷлиси миллӣ баррасӣ мешаванд, барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳо, таҳкими муносибатҳои башардӯстона, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пойдории робитаҳо байни субъектҳои давлатҳо, таъсиси ниҳоди бародаршаҳрӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард.

Боби 3. Самтҳои асосии муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ

  1. Дар муносибатҳои байналмилалии муосир раванди торафт густаришёбандаи ҷаҳонишавӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд, ки аз муносибати наздикшавии миллатҳо ва давлатҳо дарак медиҳад. Ин барои дастрасӣ ба дастовардҳои навтарин ва арзишҳои тамаддуни башарӣ, истифодаи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ аз ҷониби тамоми инсоният имконият фароҳам меорад. Дар баробари ин, мушкилоти моддӣ ва маънавии инсоният хусусияти глобалиро касб карда истодааст, ки ин боиси афзоиши фишор ба анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии миллии халқҳо ва бархӯрди тамаддунҳо мегардад.
  2. Дар чунин шароит яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байнипарламентӣ амалигардонии чунин ҳамкорӣ ва дипломатияи фарҳангию башардӯстона мебошад, ки бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳастии маънавӣ, ҳифзу амнияти арзишҳои фарҳанги миллии халқи тоҷикро таъмин менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги куҳан ва бостонӣ, ба ҳайси як давлати муосири демократию ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуда, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳониро бо мақсади таҳкими имиҷи Тоҷикистон ва мардуми он густариш медиҳад.
  3. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, Маҷлиси миллӣ дар доираи салоҳиятҳои конститутсионии худ таъмини қонунгузории сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро ба роҳ монда, зарур мешуморад, ки муносибатҳои байнипарламентиро мушаххасан дар самтҳои асосии зерин амалӣ намояд:

— нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷаҳон, тартибот ва амнияти байналмилалӣ, ҷаҳони бисёрқутба;

— риояи меъёрҳо ва принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

—  риоя ва эҳтироми инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ;

— муқовимат ба тундгароии диниву мазҳабӣ, хушунат ва хусумати забонӣ, адовати миллию нажодӣ, таъмини ҳамзистии осоишта, таҳаммул ва муколамаи тамаддунҳо;

— мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, қочоқи силоҳ, савдои одамон ва коррупсия;

— пешгирии ҷанг ва муқовиматҳои мусаллаҳона, генотсид, биотсид, экотсид, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, дастгирии созмон додани минтақаҳои озод аз яроқи ҳастаӣ;

— мусоидат ҷиҳати пешгирии хавфҳои экологӣ, иқлимиву демографӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоативу шумораи бекорон, пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ ва энергетикӣ;

— ҳамкории густурда ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, ҳифзи саломатӣ, пешгирию рафъи бемориҳои сироятӣ ва таъмини амнияти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ;

— рушди иқтисод, бартараф намудани оқибатҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз байн бурдани гуруснагӣ;

— ҳамкорӣ ва тавсеи муносибатҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, варзиш, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ;

— дигар самтҳое, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии инсон ва таъмину ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ нигаронида шудаанд.

  1. Самтҳои мазкур тавассути ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ дар ҳошияи масъала ва мушкилоти баррасишаванда дар сатҳҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

— дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути Иттиҳоди Байнипарламентӣ;

—   дар сатҳи минтақавӣ тавассути Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттифоқи Парламентии Осиё, Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ;

—   дар сатҳи созмонҳои махсус тавассути Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, Форуми Осиёии парламентарҳо оид ба нуфус (афзоиши аҳолӣ) ва рушд ва дигар созмонҳои байнипарламентии ба инҳо монанд;

—   дар сатҳи дуҷониба тавассути комиссия, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо парламентҳои давлатҳои хориҷӣ.

  1. Татбиқи самтҳои зикршуда, ҳамзамон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо воситаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

— гузаронидани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла форуму мулоқотҳо, семинару машваратҳо, мизҳои мудаввар, соатҳои парламентии якҷоя;

— ширкати фаъолона дар кори мақомот, иҷлосия, ҷаласа ва дигар чорабиниҳои созмонҳои байнипарламентӣ;

— таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ, муроҷиат, изҳорот ва дигар ҳуҷҷату санадҳои созмонҳои байнипарламентӣ;

— баррасии лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва тавсиявии созмонҳои байнипарламентӣ, омода ва манзур намудани эрод, таклифу пешниҳодҳо нисбати онҳо;

— такмили фаъолияти кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,  инчунин комиссияҳо, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ;

— андешидани тадбирҳои саривақтиву самарабахш бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, дигар вазоратҳо ва сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, сафорату намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими ҷумҳурӣ ҷиҳати пурзӯр намудани робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бо парламентҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар созмонҳои парламентии минтақавӣ ва байналмилалӣ;

— ҷалб намудани таваҷҷуҳи намояндагони парламентҳои даавлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнипарламентӣ ба мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ, таъсиси ҳамшарикии глобалӣ зидди таҳдидҳои муосири фаромиллӣ,  эътирофи нақш ва аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавиро баташвишоварда;

— мусоидати парламентии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодӣ, сармоягузорӣ,  тиҷоратӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, энергетикӣ, дигар лоиҳаҳои марбут ба Ченаки инсонӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамгироии иқтисодиёти кишвар ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва воридшавии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба иқтисодиёти бозори ҷаҳонӣ;

— иштирок дар ҳайати созмонҳои байнипарламентӣ ба сифати мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи парламент ва президенти давлатҳои хориҷӣ, мониторинг ва арзёбии он тибқи стандартҳои қобили қабули ҷаҳонӣ;

— ташкили коалитсия аз ҳисоби намояндагони созмонҳои байнипарламентӣ ва парламентарҳои хориҷӣ — ҷонибдорони Тоҷикистон ташвиқу тарғиби ташаббус, обрӯ ва нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ, таърих ва фарҳанги тамаддунофари миллати тоҷик, нақши гузаштагони он дар таърихи давлат ва ҳуқуқ  танзими ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва ақоиди маорифпарварона;

— ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, омӯзишу истифодаи таҷриба ва қонунгузории давлатҳои пешрафта;

— амалӣ намудани иқдомҳои Тоҷикистон доир ба баргузории чорабиниҳои махсуси созмонҳои байнипарламентӣ оид ба муҳокима ва дастгирии парламентии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати таҳия ва татбиқи Стратегияи рушди ҷаҳони исломӣ, доир ба таҷлили ҷашн ва бузургдошти хотираи намояндагони миллати тоҷик, ки дар масири таърих саҳми нотакрор дошта, хотираи онҳо дар байни тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ абадӣ нақш бастаанд.

         Боби 4. Хусусиятҳои робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ

  1. Маҷлиси миллӣ дар заминаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ робитаҳои байнипарламентии гуногунҷанбаро бо дарназардошти ҳолат, мавқеъ ва мазмуну муҳтавои муносибатҳои мутақобила ҷойдошта, дурнамо, тамоил ва равандҳои рушди ояндаи он амалӣ менамояд.
  2. Дар сатҳи дуҷониба Маҷлиси миллӣ муносибатҳои судманди дарозмуддату босуботро бо парламентҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзалиятнок меҳисобад. Дар ин росто, ҳамкории васеъро бо парламенти Федератсияи Россия вазифаи муҳими робитаҳои байнипарламентии худ мешуморад. Ба ҳамин монанд, робита бо парламентҳои давлатҳои ҳамсарҳад, бахусус Ӯзбекистон ва дар умум Осиёи Марказӣ бояд тақвият дода шуда, анъанаҳои ҳамзистиву дӯстонаи  дар тӯли таърих ташаккулёфта мустаҳкам ва ҳамзамон неруву иқтидори муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилотҳо, бахусус мушкилотҳои ба ҳайси мерос аз Иттифоқи Шӯравӣ боқимонда, равона карда шавад.
  3. Ҳамчунин, мусоидати парламентии Маҷлиси миллӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои давлатӣ бо Украина, ҷумҳуриҳои Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, дастгирии муносибатҳои рӯзафзуну самарабахш бо парламенти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шарики стратегӣ, пуштибонӣ аз иқдомҳо бобати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тақозои замон буда, эҳёи пойдории дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо парламенти Эрон ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад.
  4. Дар солҳои наздик барқарории ҳамкорӣ ва тавсеаву тақвияти муносибатҳо бо парламентҳои давлатҳои Аврупову Осиё ва Амрикову Африқо бояд мақоми хоссаро касб намояд.
  5. Дар баробари роҳандозии пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдомоти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттифоқи Парламентии Осиё, Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, Форуми Осиёии парламентарҳо оид ба нуфус (афзоиши аҳолӣ) ва рушд бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки намояндагии Маҷлиси миллӣ дар мақомоти онҳо таъмин карда шавад.
ШАРИКОН: