Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид. Мавзуи асосии рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили марбут ба амнияти иттилоотии ҷавонони кишварҳои ИДМ буд.

Дар ҷаласа парламентарҳои ҷавони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Россия иштирок намуданд.

Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раҳмон Дилшод Сафарбек роҳбарӣ намуд.

Ҷаласаро ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, узви Кумитаи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ Лилит Минасян ифтитоҳ ва рӯзномаи ҷаласаро эълон карда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ дар зарфи ду соли охир суханронӣ намуд.

Раёсати Ассамблея аз зиммаи Арманистон ба Ҷумҳурии Белорус вогузор шуд.

Баррасии масоили амнияти иттилоотии ҷавонон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳар яке аз давлатҳои ИДМ мавзуи асосии баҳсу назарпардозиҳо гардид.

Намояндагони ҳайатҳои парламентарҳои ҷавони кишварҳои Иттиҳод бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон гурӯҳи махсусан осебпазири ҷомеа буда, ҷой доштани масоили ҳалталаб дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ин осебпазириро боз меафзояд. Дар ҷаҳони муосир талаботи ҷавонон ба Интернет аз талаботашон ба некуаҳволии моддӣ боло гирифта, танҳо аз талаботҳои физиологӣ қафо мемонад. Таъмини амнияти иттилоотӣ иштироки фаъол ва дастаҷамъонаи се субъекти муносибатҳо: давлат, муассисаҳои таълимӣ ва оиларо тақозо мекунад. Дар ин раванд ҳамкории ҳамоҳангшуда бо истеҳсолкунандагону паҳнкунандагони маводи интернетӣ, иттиҳодияҳои экспертӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ-педагогӣ ногузир арзёбӣ мешавад.

Парламентарҳои ҷавон таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои муваффақонаи таълимиро ҷиҳати рушди донишҳои рақамии ҷавонон дар самти фаъолияти касбинтихобкунӣ, ҳуқуқӣ, психологию иттилоотӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни ҷаласа оид ба фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мазкур пешниҳоду тавсияҳои хешро иброз намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи қаблӣ парламентарҳои ҷавон пешниҳод намуда буданд, ки дар доираи Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналхалқӣ дар ИДМ Озмуни байналхалқии тарҷума миёни ҷавонон гузаронида шавад.

Лоиҳаи мазкур 11 сентябри соли 2023 оғоз гардида, барои ҷавонони эҷодкори аз 14 то 35-cолаи ИДМ имконият медиҳад, то маҳоратҳои эҷодӣ ва фарҳанги истифодабарии забони русии хешро муаррифӣ намоянд. Яке аз се номинатсияи озмун, ин тарҷумаи асари тавсияшаванда аз забони русӣ ба яке аз забонҳои давлатии кишварҳои ИДМ мебошад.

Иштирокчиёни ҷаласа, ҳамчунин, масъалаи эълон намудани соли 2024-ро ҳамчун Соли фаъолияти волонтёрӣ баррасӣ карданд. Нақшаи чорабиниҳо беш аз сад аксияҳои байналхалқӣ, вохӯриҳо, конференсияҳо, тадқиқотҳоро дар бар мегирад.

Чорабиниҳои мазкур ба такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори фаъолияти волонтёрӣ, дастгирии тарғибот ҷиҳати фаъолияти ихтиёрии муфиди ҷамъиятӣ равона шудаанд.

17 ноябр парламентраҳои ҷавон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 56-уми АБП ИДМ иштирок карданд.

ШАРИКОН: