Иштироки узви Маҷлиси миллӣ дар Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди Байнипарламентӣ

Аз 14 то 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии гурӯҳи геополитикии «Евразия»-и он баргузор мегардад, ки дар чорабиниҳои мазкур Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раҳмонова Наргис – узви гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии  Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф ва узви Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон намояндагӣ мекунад.

Дар ин бора қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Қобили зикр аст, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ бо созмонҳои бонуфузи парламентӣ ба роҳ монда, гурӯҳҳои миллии парламентии худро таъсис дода, мавқеъи хосаро ишғол менамояд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ зери роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолият мекунад, ки дар заминаи он бо мақсади густариши бештари робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 марти соли 2018, №590 ба имзо расида, тибқи он узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис барои шомил гардидан ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод гардида буд.

Ёдовар бояд шуд, ки 24-28 марти соли 2018 дар шаҳри Женева Ассамблеяи 138-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ бо иштироки бештар аз 740 нафар намояндагони парламентҳо аз 137 кишвари олам баргузор гардида, давоми чор рӯз парламентарҳо масъалаи ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон ва муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар кори Ассамблея узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис аз ҳисоби   гурӯҳи геополитикии „Евразия“ ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод ва интихоб гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Иттиҳоди Байнипарламентӣ соли 1889 таъсис ёфта, ба ҳайати он 178 кишвари ҷаҳон шомил ва 12 созмонҳои байналмилалии парламентӣ мақоми аъзои ассотсиатсияшудаи онро доро мебошанд, ки раванди пайвастани аъзои нав ба ин созмон идома дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви ин созмони байнипарламентӣ мебошад.

Мақоми олии Иттиҳод Ассамблея ба ҳисоб меравад, ки дар як сол ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) даъват карда шуда, дар кори он бештар аз 1300-1500 ҳайати парламентҳо ширкат меварзанд.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ дорои 4 Кумитаи доимоамалкунада, аз қабилӣ: Кумита оид ба масъалаҳои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, Кумита оид ба рушди устувор, молия ва савдо, Кумита оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон ва Кумита оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ фаъолияти худро баҳри таъмини демократия ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа ба роҳ монда, мушкилоти ҷории инкишофи демократия ва ҳуқуқҳои инсонро бо фаъолияти  парламентӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ, ки дар як сол як маротиба аз ҷониби тамоми аъзои Иттиҳоди Байнипарламентӣ қабул карда мешаванд, ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, Кумитаи зикршуда дар доираи фаъолияти худ масъалаи таъмини озодии баён, истифодаи воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи самараноки рушди демократия ва баъзе мушкилоте, ки дар замони муосир тавассути истифодаи технологияҳои нав ба миён омадаанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дар баробари ин, Кумита ба масоили иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва муҳоҷирати меҳнатии занон дахл намуда, қарорҳои он дар бисёр масъалаҳо аксаран ба барномаҳои васеи Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳия мегарданд.

Дар Кумита 22 нафар парламентарҳо аз гурӯҳи кишварҳои „Африқо“, „Араб“, „Осиё-Уқёнуси Ором“, „Евразия“, „Кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб“ ва „12+“ шомил мебошанд, ки муҳлати анҷоми ваколаташон моҳи марти соли 2020 муқаррар гардидааст.

Гурӯҳи геополитикии „Евразия“-ро, ки соли 1998 дар Конфронси 100-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Москва таъсис ёфтааст, кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ ҳамчун созмони ҷаҳонии муттаҳидкунандаи парламентҳои кишварҳои мустақил шинохта шуда, занон-парламентарҳо баёнгари сиёсати одилонаи гендерӣ дар ин созмони бонуфуз мақоми хоса доранд, ки узвияти аъзои Маҷлиси миллӣ Раҳмонова Наргис собитгари ин гуфтаҳо мебошад.

Қароргоҳи Иттиҳод дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷой гирифтааст.

ШАРИКОН: