Иттилоъ оид ба конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оѓози давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ, роҳбарони як қатор мақомоту сохторҳои давлатӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оѓози кори конференсия иброз доштанд, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 30-солагии баргузории   Иҷлосияи   таърихии   тақдирсози    16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил менамояд.

Зикр гардид, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард. Дар чунин вазъи фоҷеабор  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ — ҷасурона дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд.

Бо эҳсоси ифтихори бепоён ва шукргузорӣ таъкид гардид, ки саъю талошҳои  беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии тақдирсоз маншаъ мегирад, зеро аз ин баъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу субот ва  ваҳдати  миллӣ   комёб гардид.

Раванди ноил гардидан ба ризоияти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят азим аст. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ѓояҳои олии  Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир оид ба нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон маърӯза карда, дар атрофи моҳият ва аҳамияти муҳими ин рӯйдоди  таърихӣ андешаҳои худро иброз намуд.

Дар идомаи кори конференсия Ёрдамчии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам Олимов Кароматулло, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуѓли аҳолӣ ва экология Њакимзода  Ќурбон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Таѓойзода Сумангул баромад намуданд.

Њамчунин, дар музокираҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, Ғафорзода Абдуҳалим ва Раҳматзода Рустам иштирок ва суханронӣ карданд

Дар рафти конференсия бо инобати аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд, ки маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ба давраи навини қонунгузории кишвар оғоз бахшид. Бо қабули нахустин санадҳои иҷлосияи мазкур ва талошу заҳматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва инчунин барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оѓоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар фарҷом бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва андешаҳои иштирокчиёни конференсия, Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат ба муносибати 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

 

ШАРИКОН: