Идомаи сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯз дар ҳошияи сафари расмӣ дар кишвари мо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт ташриф оварданд.

Дар ин ҷо меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонаш дар назди муҷассамаи хизматчиёни ҳарбии қазоқистонӣ гулҳои тару тоза гузоштанд. Ёдгории мазкур 15 декабри соли 2007 бо мақсади гиромидошти хотираи хизматчиёни ҳарбӣ — сарҳадбонони қазоқистонӣ, ки дар давраи ҷанги таҳмилӣ ҳангоми ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷон бохтаанд, ифтитоҳ карда шудааст.

Дар идома 13 май Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, аз толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи он дидан карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуда, аз 5 ошёна иборат аст ва масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чубкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 15 айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. Мавриди зикр аст, ки 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.

Кохи Наврӯз дорои толорҳои боҳашамати «Дидор», «Аржанг», «Гулистон» ва «Зарандуд» мебошад.

Масоҳати толори «Дидор» 1100 метри муррабаъ буда, ороиши он бо усули гаҷкорӣ ва наққошӣ анҷом дода шудааст. Даромадгоҳи толори мазкур бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст.

Баъди  тамошои маҷмаа Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба ҳунари волои меъморону устоҳои тоҷик баҳои баланд доданд.

Имрӯз муҳтарам Маулен Ашимбаев ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олиқадр намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо карда, дар толорҳои нигоравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои фарҳангии кишвар меҳмони олиқадрро шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

ШАРИКОН: