Идомаи сафари расмии Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиба Гафарова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 сентябр дар ҳошияи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова бо ҳайати ҳамроҳ ба Кохи муҳташами Наврӯз ташриф оварда, аз толорҳои зебову дилкаш ва барҳавои он дидан карданд.

Баъди  тамошои маҷмаа Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова ба ҳунари волои меъморону устоҳои тоҷик баҳои баланд доданд.

Имрӯз ҳамчунин хонум Сахиба Гафарова ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олиқадр толорҳои  нигоравии осорхона ва нигораҳову намунаҳои бозёфтҳои қадимаро тамошо карда, бо осори таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои фарҳангии болозикр меҳмони олиқадрро шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.

ШАРИКОН: