Дар бораи баргузории ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлументии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мегардад.

Дар ин бора Раиси Думаи давлатӣ, Раиси АП СААД Вячеслав Володин хабар додааст.

Дар сомонаи АП СААД зикр карда шудааст, ки   баргузории ҷаласаи Шӯрои ташкилот дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз роҳбарони парлумонҳои (роҳбарони палатаҳои парлумонҳо) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иборат аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СААД ба дӯши раиси Думаи давлатӣ вогузор шудааст.

ШАРИКОН: