Вохӯрии роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода бо Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сергей Поспелов

9 феврали соли 2021 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) Сергей Поспеловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД-ро, ки баргузории он тибқи нақшаи тасдиқгардидаи АП СААД барои соли 2021 дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ карда шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Қайд карда шуд, ки имсол Тоҷикистон ваколатҳои раёсат дар СААД-ро аз Федератсияи Россия қабул кард. Ба ин муносибат, дар доираи раёсат дар СААД соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардани як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД дар назар дошта шудааст.

Баргузории ҷаласаи мазкур идомаи мантиқии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ба ҳисоб меравад.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо боварӣ изҳор намуданд, ки соли ҷорӣ вазъи эпидемиологӣ дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии СААД муътадил гардида, барои дар шакли муқаррарӣ гузаронидани чорабинии мазкур имконият фароҳам меояд.

ШАРИКОН: