Барқияи изҳори тасаллӣ 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, дар робита ба амали террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Ҳолл» дар наздикии шаҳри Москва, ки бар асари ин ҳодиса шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он чунин омадааст: Лутфан таслияти амиқи маро бинобар талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Ҳолл», ки дар Красногорски назди Маскав рух дод, қабул намоед. Ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии амиқи худро расонида, ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам.

ШАРИКОН: