Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

20 декабри соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»  ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: