Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

19 декабри соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Оид ба ворид намудани таѓйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: