Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

19 феврали соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод Сафарбек ҷаласаи Кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа 10 масъала, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъин ва озод намудани муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №380 «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» ва ҳисоботи навбатии Прокурори генералӣ дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2023 ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, аз натиҷааш қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони редаксияҳои воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

ШАРИКОН: