Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

18 декабри  соли 2023 таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода М.Қ. дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи рӯзномаи ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани  иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ва «Дар бораи фарҳанг» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз натиҷааш хулосаҳои Кумита ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷаласаи Кумита аъзои Кумита Ҷабборӣ Б.И., Одилзода Д.Р. ва Ҳакимова К.М. инчунин Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Муқимӣ С. кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

ШАРИКОН: