Ҷаласаи кумитаҳои соҳавии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия доир гардид

17 ноябри соли  2022  ҷаласаи якҷояи Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ва Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи даҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ки дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2022 баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

Раиси Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ роҷеъ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, оид ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ аз ҷониби донишгоҳҳо, табодули академии омӯзгорон, таъсиси паркҳои технологӣ ва бизнес-инкубаторҳои муштарак дар донишгоҳҳо андешаҳои худро иброз кард. Ӯ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки дар натиҷаи тақвияти ҳамкориҳо теъдоди бурсияхо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия аз  ҳисоби ин кишвар то ба 750 ҷой зиёд карда шуд.

Дар навбати худ Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова қайд кард, ки то имрӯз байни ду кишвар ҳудуди 150 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ баста шуда, миқдори зиёди лоиҳаҳои башардӯстонаи дуҷониба амалӣ карда мешаванд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа инчунин масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи Тоҷикистону Россия  ва эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ШАРИКОН: