Баргузории ҷаласаи даҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия

23 ноябри соли 2022 ҷаласаи даҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар сиғаи омехта баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа, ки дар он аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд, ҳамраисони Комиссия Аҳмадзода Раҷаббой ва Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқоту ҳамоишҳои парламентӣ, аз ҷумла ҷаласаи имрӯзаи Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад.

   

Нахуст тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаи Дастури Комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои Комисия доир ба рафти татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилоташон бо забони русӣ ба роҳ монда мешаванд, эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои амалишавии Нақшаи кори Комиссия дар соли 2022, лоиҳаи Нақшаи кори Комиссия барои соли 2023, инчунин вақт ва макони баргузории ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи даҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: