Баргузории ҷаласаи муштараки кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия оид ба робитаҳои байнипарламентӣ
17 ноябри соли 2022 ҷаласаи якҷояи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ва Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои байнипарламентӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур дар ҳошияи ҷаласаи даҳумини Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир карда шуд.
Нахуст тибқи рӯзнома ҷонибҳо масъалаи вазъи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байниминтақавиро марвиди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки ҳамкориҳои судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсия ба робитаҳои амиқи таърихии Тоҷикистон ва Россия вобаста буда, дар доираи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷонибҳо асос ёфтаанд.
Зимни суханронии худ раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои байнипарламентӣ Григорий Карасин таъкид дошт, ки дар тӯли сӣ соли равобити дипломатӣ миёни ду кишвар ҳудуди дусад созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ба имзо расидааст, ки доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро ба танзим медароранд.
Дар кори ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин масоили марбут ба созишномаҳои имзошуда байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои Федератсияи Россияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, натиҷаи ҳамкриҳоро судманд арзёбӣ намуданд.
Илова бар ин, зимни ҷаласа дар атрофи як қатор мавзӯҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои башардӯстона оид ба ҷалби омӯзгорони рус дар Тоҷикистон ва фаъолияти мактабҳои русӣ, теъдоди квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.