Эълон

Э Ъ Л О Н

Тибқи амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои зерини маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2010 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2. Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2010 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
3. Сармутахассис оид ба корҳои махсус ва кадрҳои шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2010 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
4. Сармутахассиси барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва назорати шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2010 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1570 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРӢ
Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи чорум:

Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;
Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
Сармутахассис оид ба корҳои махсус ва кадрҳои шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сармутахассиси барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва назорати шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— таҳсилоти олии касбӣ (доштани донишҳои мушаххаси касбӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, на кам аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер.

Барои ишғолкунандагони мансаби маъмурии категорияи шашум:

Мутахассиси пешбари шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер.

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 42 ва почтаи электронии kadr@majmilli.tj шахсан ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

— ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муқарраргардида;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
— тарҷумаи ҳол;
— маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;
— маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ;
— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
— маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯйи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб вазифадор аст дар суҳбат ҳуҷҷати аслиро пешниҳод намояд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.

Сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.majmilli.tj

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 221-98-35

КОМИССИЯИ ОЗМУН

ШАРИКОН: